«Неруҳои амниятии режими Оли Халифа мавҷи ҷадиде аз боздоштҳоро дар минтақаи Акар, дар шарқи Баҳрайн оғоз ва дар пайи он даҳҳо шаҳрванди баҳрайниро боздошт карданд»,-менависад хабаргузории Форс.
Ба гузориши манбаъ, ки аз шабакаи «Алмаёдин» нақли қавл кардааст, мухолифини баҳрайнӣ эълон карданд, ки неруҳои амниятии Оли Халифа маҳдудиятҳои шадиде дар ин минтақа ҷорӣ карда ва монеъ аз вуруд ва хуруҷи сокинон ба Акар шудаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки гузориш шуда, байни неруҳои амниятии режими Оли Халифа бо тазоҳуркунандагони баҳрайнӣ дар минтақаи Ал Сатраҳ ва Ал Навидара, даргириҳое рух дода аст.
Фаъолони баҳрайнӣ дар пойгоҳҳои интернетии иҷтимоӣ эълон кардаанд, ки дар ин даргириҳо шуморе аз шаҳрвандони баҳрайнӣ захмӣ шуданд, ки ҳоли яке аз онҳо вахим аст.
Мӯҳр