Русия дар посух ба пайвастани Туркия ба тарҳи сипари дифои зидди мушакии НАТО, мушакҳои пешрафтаи С-400-и худро дар наздикӣ бо марзи Туркия мустақар мекунад.
Ба гузориши хабарнигори Форс, пойгоҳи иттилоърасонии Дикофайл аз манобеи хабарии наздик ба созмонҳои иттилоотӣ ва амниятии режими саҳюнистӣ гузориш дод, ки русҳо рӯзи гузашта эълон карданд, ки мушакҳои раҳгири пешрафтаи худро бо номи С 400дар наздикии марзҳои Туркия, дар ҷануби Русия мустақар мекунанд.
Бинобар ин гузориш, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Русия иброз дошта, ки ин мушакҳо Туркияро ҳадаф хоҳанд гирифт, чаро ки дар сипари дифои зидди мушакии НАТО мушорикат кардааст. Ба таъкиди вай С-400 қудрати нобуд кардани тамоми навъҳои ҳавопаймо ва мушакҳои боластикиро дорост.
Манобеи низомии Дикофайл мегӯяд, Русия илова бар масоили НАТО, бо ин иқдом ду ҳушдор ба Туркия дода аст: Аввал ин ки, дигар иқдомоте назири мутаваққиф кардани ҳавопаймоеро, ки аз Русия ба самти Сурия азимат мекунанд, таҳаммул нахоҳад кард ва дуюм ин ки Русия вуруди ҳавоии Туркия ба буҳрони Сурияро таҳаммул намекунад.
Амалиёти истиқрори С-400 дар ҷануби Русия то поёни соли равон ба поён хоҳад расид.
Туркия чанде пеш як ҳавопаймои мусофирбарии Сурияро, ки аз Маскав озими Димишқ буд, мутаваққиф ва бозрасӣ кард ва мудаӣ шуд, ки дар ин ҳавопаймо таҷҳизоти низомӣ ёфтааст. Сурия ва Русия ин иддаоро такзиб мекунанд.
Мӯҳр