Шурӯъ аз имрӯз, 18-уми октябр то 21-уми моҳи ҷорӣ дар як қатор ноҳияҳои ҷумҳурӣ борони кӯтоҳмуддат мерезад. Дар ин бора Ҷамила Байдулаева, сардори маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин давра ҳарорати на онқадар баланд чӣ дар водиҳо ва чӣ дар минтақаҳои куҳӣ дар назар аст. Шабона дар водиҳо тӯли се рӯзи наздик то 10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Хатлон рӯзона 24-25, вилояти Суғд 10-22 дараҷа гарм мешавад. «Дар минтақаҳои куҳӣ шабона то 23 ва рӯзона то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар навоҳии тобеи марказ шабона 5-10, рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби Бадахшон шабона 1-6 рӯзона 10-20 ва дар шарқи ҳамин вилоят шабона то 11 дараҷа хунук, рӯзона 5-6 дараҷа гарм хоҳад шуд»,-афзуд манбаъ.
Дар шаҳри Душанбе шаби имрӯз ҳаво таъғирёбанда буда, борони кӯтоҳмудат дар назар аст. 20-ум ва 21-уми октябр дар пойтахт ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, шабона ҳарорати ҳаво 5-7 ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Мӯҳр