Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозии мавқуфмондаи худро дар доираи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон анҷом доданд.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷараён гирифта бо пирӯзии «Истиқлол» поён ёфт. Голи ягонаро дар дақиқаи 74-ум Дилшод Восиев, сарвари дастаи «Истиқлол» ба ҳадаф расонд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа «Регар-ТадАЗ» бо 45 имтиёз аз 18 бозӣ дар садри ҷадвал қарор дорад. «Равшан», ки аз 18 бозӣ 44 хол ба даст овардааст, мақоми дуюмро касб мекунад. «Хайр» 17 бозӣ анҷом дода ва соҳиби 36 имтиёз асту дар ҷадвали мусобиқа ҷойи сеюмро муаррифӣ мекунад. «Истиқлол» аз 15 бозӣ 33 хол ба даст оварда дар зинаи чорум қарор дорад.
Бозиҳои даври 21-уми мусобиқот рӯзҳои 19-20-21-уми октябр баргузор мешавад.
Дастаҳои «Гвардия»-«Хайр» рӯзи 19-ум вомехӯранд. «Энергетик»-«Равшан» ва «Регар-ТадАЗ»-«Ҳосилот» 20-уми октябр вориди сабқат мешаванд. Рӯзи 21-ум тимҳои ССКА «Помир»-«Зарафшон», «Вахш»-«Хуҷанд» ва «Парвоз»-«Истиқлол» миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Оғози ҳамаи бозиҳо соати 15:00 ба вақти Душанбе аст.
Нишонзанони беҳтарини сабқат инҳоянд: Дилшод Восиев, «Истиқлол» 13 тӯб, Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов (Регар-ТадАЗ) 12-голӣ, Шодибек Ғаффоров (Энергетик) 10 тӯб, Асадулло Бобоҷонов, Мансур Ҳакимов (Парвоз) 9 голӣ.
Мӯҳр