Як ҷавони яманӣ нусхаи қадимӣ аз Қуръони Каримро дар яке аз ғорҳои кӯҳистонии ҷануби шаҳри Ал-золеъ пайдо кардааст, ки мутааллиқ ба соли 200-и ҳиҷрии қамарӣ аст.
Ба навиштаи хабаргузории «Форс», ин Қуръон дар як вазъияти мумиёӣ қарор гирифта буд ва ҷилди он чармӣ буда, ҳарфҳояш нуқта надоранд. Дар саҳифаи аввали ин нусха чунин навишта шудааст: «Навишта шуда ба дасти ал фақр илаллоҳ 200 ҳиҷрӣ». Ин нишон медиҳад, ки нусхаи Қуръон қадимитарин нусха аз Каломуллоҳи Маҷид аст.
Дар канори ин Қуръон шамшери биринҷӣ бо навиштаи «Зулфиқор» низ буда ва бисёриҳо аз ин ҷавон пешниҳоди хариди онро бо пули зиёд намудаанд, аммо вай онҳоро рад кардааст.
Мӯҳр