Ҳукумати Чин тасмим гирифтааст, ба Тоҷикистон 120 миллион юан кӯмаки билоиваз ироа кунад. Ин нуктаро зимни мулоқоташ роҳбари давлати мардумии Хитой Ху Тзин Тао бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона иброз доштааст.
Бино ба қавли Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи райисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар пойтахти Қазоқистон мулоқоти сарварони ду давлат анҷом пазируфта, масоили дурнамои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки имрўз хислати фарқкунандаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ҷумҳурии мардумии Чин сатҳи баланди ҳамгироӣ ва боварӣ мебошад, - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон.
Ху Тзин Тао омодагии Чинро ба дастгирии рушди ҳамаҷонибаи кишвари мо таъкид дошт. Ба қавли ӯ, ҳукумати Хитой имсол барои мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, дар баробари дигар тарҳҳо, 120 миллион юан кўмаки бебозгашт ҷудо мекунад. Ҷаноби Ху Тзин Тао ҳамчунин пешниҳод намуд, ки соли 2012 ба муносибати 20 – солагии муносибатҳои дипломатӣ бо Тоҷикистон чорабиниҳои идона дар ҳарду кишвар ба роҳ монда шаванд.
Дар мулоқот атрофи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва ғайра гуфтугўи судманд сурат гирифт.
Зимнан, ҳамкории Тоҷикистону Чин дар чаҳорчўби Созмони Ҳамкории Шанхай низ боиси қаноатмандӣ арзёбӣ гардид. Зикр гардид, ки феълан беш аз 50 ширкати чинӣ дар Тоҷикистон фаъолият дошта, мубодилаи амвол тайи 5 соли ахир 14 баробар афзоиш ёфтааст. «Чин дар миёни шарикони хориҷии тиҷоратии Тоҷикистон пешсаф буда, аз ҷиҳати ҷалби соҳибкорони хусусӣ бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди кишвари мо ба шумор меравад», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Мӯҳр