Бахшҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай дар Қувайт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Кувайт бо Ҳомид Карзай, президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  мулоқот намуд.

Тавре аз маркази матбуотии президенти кишвар ба Озодагон хабар доданд, зимни мулоқот  масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шудааст.

Сарони ду давлат зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ бори дигар таъкид намуданд, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон дар масири Румӣ – Шерхон Бандар – Қундуз ва тамдиди он ба самтҳои Мазори Шариф – Отамурод, Мазори Шариф – Ҳирот ва лоиҳаҳои бунёди хатти барқии КАСА-1000, гузаргоҳҳои нави сарҳадиро матраҳ намудаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин лоиҳаҳо дар Эъломияи Конфронси душанбегии РЕККА-5 изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳеҷ монеае барои татбиқи онҳо нахоҳад буд.

Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо омодагии худро ба рафъи монеаҳо дар роҳи рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла барои ба имзо расондани лоиҳаи созишномаи дуҷониба оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон таъкид намуданд: «Аз ҳамкории босамар миёни сохторҳои марбути ду давлат дар соҳаҳои амният ва мубориза бо гардиши маводи мухаддир изҳори қаноатмандӣ карда шуд».  

Дар ин нишаст изҳори боварӣ карда шуд, ки масъалаҳои вобаста ба анҷоми пурраи истирдоди шаҳрвандони тоҷик аз ҳабсхонаҳои Афғонистон ва баръакс шаҳрвандони афғон аз маҳбасҳои Тоҷикистон ҳалли худро дар наздиктарин муҳлат меёбанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)