Давоми 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон тибқи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар маҷмӯъ 28 ҳазору 720 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.
Тавре аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2330 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 2562 нафар соҳиби ҷои кор шудаанд: « Ҳамчунин дар асоси 170 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 4383 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 11432 нафар дар марказҳои таълими касбии мақомоти шуғли аҳолӣ ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд. Манбаъ мегӯяд, ба 6175 нафар аз сабаби аз даст додани ҷои кор ба муддати то 3 кӯмакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Бино ба иттилои масъулини Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 112070 ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст: «Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷои кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти шуғли аҳолӣ дар ин давра 448 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки дар маҷмӯъ 3950 нафар корҷӯён дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд. Ба 2725 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд ва 828 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд».
Мӯҳр