Генерал Уилям Фрейзер, фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико ба Тоҷикистон меояд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон боздиди кории Уилям Фрейзер 21-уми моҳи ҷорӣ сурат хоҳад гирифт. Дар ҷараёни ин сафар генерали амрикоӣ бо раҳбарони як қатор ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон мулоқот мекунад.
Ёдовар мешавем, Уилям Фрейзер 3-юми феврали соли равон низ аз Тоҷикистон дидан карда буд.
Мӯҳр