Рустам Раҳматов, раиси ноҳияи Айнӣ дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, ки интизор меравад, ояндаи наздик Эмомалӣ Раҳмон, президент кишвар аз вилояти Суғд дидан намояд. Зимни ин сафар масъалаи роҳҳо низ баҳс хоҳад шуд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин гуфта мешавад шояд ифтитоҳи нақби «Шаҳристон» дар ҷараёни сафари райисҷумҳур сурат бигирад.
Гуфтанист, нақби «Шаҳристон» дар километри 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, 5 ҳазору 253 метр дарозӣ дорад. Сохтмони ин нақб расман дар санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид. Арзиши умумии тарҳи сохтмони нақби «Шаҳристон», ки ширкатҳои чинӣ бунёд мекунанд, ҳудуди 51 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин пеш ҳам санаи ифтитоҳи нақбро эълон дошта буданд, вале бо сабаби пеш омадани мушкил дар кори нақбканон ба истифода додани он ба таъхир гузошта шуд. Ин навбат масъулини Вазорати нақлиёт боварӣ доранд, ки дар санаи муайяншуда нақби «Шаҳристон» мавриди истифода қарор дода мешавад.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |