Аъзамҷон Мирзоев, муовини вазири тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон мушкилоти норасоии микронутриентҳо (микроэлементҳо ва витаминҳо) миёни модар ва кӯдакон масъалаи муҳим боқӣ мемонад.
Бино ба иттилои иштирокчиёни ҳамоиш истеҳсол ва истеъмоли намаки ошии бейод 2-3 маротиба зиёд гардида, баъзан аҳолии шаҳру ноҳияҳои кишвар намаки техникиро истифода менамоянд: «Санҷишу таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аксар дар борхалтаҳо бо навиштаҷоти «намаки йодкардашуда» намаки бейод мефурӯшанд. Бояд сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ҷиҳати истифодаи намаки йоднок боло бурда шавад, зеро аксар вақт дар маҳалҳо намак тавассути мошинҳои боркаш бо нархи арзон дастрас мешавад»,-афзуд Аъзамҷон Мирзоев.
Аядил Сапарбеков, намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон бошад, ба тасвиби қонун «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» дар ҷумҳурӣ таъкид дошт. Номбурда афзуд, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аввалин шуда ин қонунро таҳия кардааст.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |