Истеҳсоли нафт дар Тоҷикистон давоми 9 моҳи ахир 223 ҳазору 77 тоннаро ташкил медиҳад.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, аз ин миқдор нафти истеҳсошуда ҳамагӣ беш аз 19 ҳазори он дар корхонаҳои нафтии ватанӣ коркард шудааст. Манбаъ мегӯяд, тайи ин муддат дар кишвар 776,1 тонна бензин, 3715,2 тонна сӯзишвории дизелӣ, 8337,6 тонна мазут, 90,6 тонна битум барои сохтмон (БНД 60/90) ва 1424,0 тонна битум барои роҳсозӣ (МГ 40/70) истеҳсол гардидааст.
Гуфта мешавад, айни ҳол дар ҷумҳурӣ сохтмони ду корхонаи коркарди нафти хом- дар вилояти Суғд ва дар ноҳияи Шаҳринав бо иқтидори коркарди 100 000 (НПЗ-100) тонна нафт дар як сол идома дорад.
Тибқи иттилои расмӣ талаботи солонаи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ ҳудуди 650 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нафти истеҳсолнамудаи Тоҷикистон аз талаботи солона беш аз 400 ҳазор тонна кам аст.
«Шоҳон», «Ҳасан ва К», «Салоса», «Ҷалолӣ», «Нафти Темурмалик», «ТИЕНГ-МА», «ДОН-ФАН» ва «Абадӣ» корхонаҳои ватание ҳастанд, ки ба коркарди нафт машғуланд.
Мӯҳр