Аситх Кумар Бахатта Чарджи, сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон аз корхонаи ҶШСК «Ресанда»-и Қӯрғонтеппа дидан кард.
Ба иттиллои вазорати энергетика ва саноати кишвар, ҷаноби сафир ба хотири ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни корхонаҳои ватанӣ ва соҳибкорони Ҳиндустон, ҳамчунин ҷалби сармояи ин кишвар ба соҳаи саноати сабук аз ин корхона боздид намудааст.Аснои шиносоӣ бо истеҳсолоти корхона сафири Ҳиндустон ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар самти коркарди нахи пахта мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки бо мутахассисони соҳаи коркарди пахта ва сармоягузорони Ҳиндустон барои ташкил намудани корхонаҳои муштарак, ворид намудани таҷҳизотҳо мулоқот карда, аз онҳо барои ба Тоҷикистон омадан даъват кардааст. Аситх Кумар Бахатта Чарджиро зимни ин сафараш масъулини вазорати энергетика ва саноат, инчунин намояндаи ҳукумати вилояти Хатлон ҳамроҳӣ кардаанд.
Мӯҳр