Бахшҳо

Боздошти “моҳичаҳои” фурӯши мухаддирот дар вилояти Хатлон

Дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи мухаддир афроде боздошт шуданд, ки ба майдафурӯшии чунин мавод машғул буданд.

Дар ин бора ба Озодагон Бобоҷон Шафиев аз Агентии мазкур иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 5 октябр дар шаҳри Қурғонтеппа зода ва сокини 42-солаи ҳамин шаҳр бо героин ва ҳашиш боздошт гардид. Мавсуф бо маълумоти олӣ бекор буда, оиладор ва соҳиби 6 фарзанд будааст.

Рӯзе баъд зодаи маркази вилоят, истиқоматкунандаи 46-солаи ноҳияи Бохтар, ки соҳиби 7 фарзанд буда, дар ҷое кор намекардааст, бо героин ва афюн дастгир шуд.

Баъд аз зӯҳри рӯзи 11 октябр дар қаламрави ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ шаҳрванди 31-солаи ҳамин ноҳия бо маводи нашъаовари героин боздошт гардид. Номбурда муҷаррад, дорои маълумоти миёна ва бекор буда, соли 2010 аз рӯи моддаи 201, қисми 1 (нигаҳдории ғайриқонунии маводи нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда будааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот барои муайян кардани шарикони боздоштшудагон идома дорад.

Шахсони ахиран дастгиршуда тоҷирони бозорҳои ғайриқонунии дохилии маводи мухаддир буда, асосан ба майдафурӯшӣ ва таъмини истеъмолгарони мухаддирот дар кишвар машғуланд. Табиист, ки ин гуна афрод, бо вуҷуди он ки захираҳои калони маводи мухаддир надоранд, вале барои нашъамандсозии ҷомеа пурхавфанд. “Ин аст, ки амалиётҳои ҷустуҷӯӣ ва фаврӣ ҷиҳати ошкор сохтани чунин одамон ҳамвора доир мешаванд, ҳарчанд, ки мо дар бораи на ҳамаи ин гуна боздоштҳо хабар медиҳем, - қайд намуд манбаъ. – Аз сӯи дигар, ин амалиётҳо дар канори боздоштҳо ва мусодираҳои пуровоза сурат мегиранд.”

Зарфи ин як ҳафтаи охир дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе кормандони Агентӣ аз 14 то 160 килоӣ маводи мухаддир, ки барои интиқоли минбаъда ба кишварҳои ИДМ омода шуда буд, ошкору мусодира ва соҳибонашонро боздошт кардаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)