Ҳодисаҳои суиқасд ба ҷони худ дар шимоли кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 адад зиёдтар ба қайд расидааст.
Аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба Озодагон иттилоъ доданд, ки давоми 9 моҳи соли 2012 дар шаҳру навоҳии вилоят 222 (2010-188) ҳолати худкушӣ ва 73 ҳолатҳои суиқасд ба ҷони одамон (аз сӯйи 118 мард, 14 писарбачаи ноболиғ, 104 зан ва 26 духтари ноболиғ) содир шудааст.
«149 нафар бо роҳи худовезӣ, 40 кас бо роҳи заҳролудшавӣ, 11 тан бо роҳи худғарғкунӣ, 6 нафар бо роҳи худсӯзӣ ва 14 каси дигар бо дигар роҳҳо худро ба ҳалокат расонидаанд.
52 шаҳрванд бо сабаби бемории рӯҳӣ, 52 кас дар натиҷаи муноқишаи оилавӣ, 6 нафар бо сабаби камбизоатӣ ва 61 тан бо сабабҳои гуногун ин амалро содир кардаанд. Аммо муайян намудани сабабҳои худкушии 61 нафари дигар ба мақомоти тафтишоти пешакӣ муяссар нагардид»,-афзуд манбаъ.
Сарчашмаи хабар гуфт, нисбати 10 нафаре, ки шаҳрвандонро ба худкушӣ расонидаанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол шудааст.
Мӯҳр