Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, тайи як соли охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши маҳcулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла биринҷ мушоҳида мешавад.
Гуфтанист, тайи як соли ахир нархи биринҷ 11 фоиз афзоиш ёфтаааст. Агар як килои он моҳи октябри соли 2011-ум дар бозорҳои пойтахт 7 сомонию 60 дирамро ташкил медод, дар ҳоли ҳозир ба 8 сомонию 50 дирам баробар шудааст. Нархи гарони биринҷ дар бозори «Саховат» ва «Варзоб» ба назар мерасад, ки як килои он 9 сомонӣ ба фӯруш гузошта шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ соли равон дар масоҳати 6488 гектар шолӣ кошта шудааст, ки дар қиёс ба як соли қабл зиёдтар мебошад.
Мӯҳр