Дар оғози ҳамойиш, дабиркулли СҲИ- Акмалиддин Эхсоноғлу меҳмононро хайрамақдам гуфта, пас аз тиловати порае аз Қуръони карим кори иҷлосия шуруъ шуд. Гурӯҳҳои корӣ дар бахшҳои мухталифи ҳамкории ин созмон, аз ҷумла табодули мол байни кишварҳои аъзо, рушди ҳамкориҳои кишоварзӣ (ривоҷи пахтакорӣ), бахши туризм, ташкили фонди вижа барои ҳолатҳои фавқулодда, дастгирии сектори хусусӣ ва ғайраро мавриди баррасиву баҳс қарор медиҳанд. Дар ин мунозираҳо кишварҳои Арабистони Саудӣ, Индонезия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Малайзия, Ироқ, Кувайт, Қазоқистон ва Тоҷикистон бисёр фаъол буданд.
Маврид ба ёдоварист, намояндаи Туркия зимни баромадаш пешниҳоди кӯмакҳои молӣ ва техникии ин созмонро ба Тоҷикистон ва Афғонистон зарур ва саривақтӣ унвон кард. Зимнан, ҷониби Қазоқистон хостори таъсиси офиси ҷадиди барномаи хӯрокворӣ дар пойтахти кишвари худ шуданд.
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |