Садамаи нақлётие, ки дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғди ба вуқӯъ пайваст дар натиҷаи он як нафар ба ҳалокат расид ва 6 нафари дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Манбаъ мегӯяд, ронандаи тамғаи «Opel astra» Қаҳор Исломов ҳангоми ҳаракат аз самти Истаравшан ба шаҳри Хуҷанд дар километри 267-уми роҳи Душанбе-Чаноқ аз ӯҳдаи идораи автомошина набаромада, ба автомошинаи «Leksus» бар мехурад ва«Leksus» ба автомошинаи тамғаи «Kombo» , бар мехурад, ки дар натиҷа ронандаи «Leksus» Пулод Ёқубов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад: «Мусофири дохили автомошина Азим Алиев инчунин ронандаи автомошинаи тамғаи «Opel astra» бо мусофиронаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ мегарданд.
Бояд зикр намуд аз аввали соли равон то ба имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ 1 ҳазору 41 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 344 нафар ба ҳалокат расид ва 1 ҳазору 168 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |