Зимни ин мулоқот Абдуллоҳи Қодирӣ,сардори шӯъбаи робита бо ҷомеаи хадамоти муҳоҷират дар бораи самтҳои асосии фаъолияти хадамоти мазукур, танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти он, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва доштани касбу ҳунар дар шароити муосир сӯҳбат намуд. Номбурда иброз лошт, ки донистани забонҳои хориҷӣ аз қабили забони русӣ, англисӣ, немисию арабӣ ва доштани касбу ҳунар ҷойгоҳ ва мавқеи муҳоҷирони меҳнатии моро дар бозори меҳнати хориҷӣ устувор месозад: «Дар шароити рақобати бозори меҳнати ҷаҳонӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва доштани ихтисоси муайян, иқдоми саривақтӣ мебошад».
Дар ин ҳамоиш аз ҷониби намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, қонуну қарорҳои кишвари қабулкунанда ва фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон ва Федератсияи Русия маълумоти муфассал дода шуд ва китобчаҳои роҳнамои муҳоҷирон, диск ва бархе аз маводҳое, ки доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия шудаанд, ба мактаббачагон супурда шуд. Бояд зикр намуд дар вохӯрии мазкур наздики 260 нафар аз мактаббачагон иштирок доштанд.
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |