Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар раёсатки корҳои дохилаи вилояти Суғд иттилоъ доданд, амалиёти мазкурро кормандони милиса анҷом додаанд.
Бино ба қавли манбаъ, ҳамчун гумонбар дар дуздӣ шаҳрванд Акрамов Дилшод Ҳомидовичи 27-сола, сокини ҷамоати деҳоти Навгилеми ҳамин ноҳия дастгир карда шуд. Номбурда, рӯзи 06.10. 2012 бо тариқи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии Матигулина Албина Владиславовна, сокини к.Марказ гардида, аз он ҷо телевизори тамғаи «Сонӣ», базаи тамғаи «Топфилд», ки арзишашон 2200 сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса паврандаи ҷиноӣ оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад.
Мӯҳр