Дар ин бора ба Озодагон аз РБДА-и ВКД иттилоъ доданд.
Тибқи иттилоъ, рӯзи 7-уми октябр,ронандаи автомашинаи тамғаи «Камаз-5320», Холдор Худойбердиеви 22-сола аснои ҳаракат дар шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз уҳдаи идораи он набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба сабукрави «Дэу-Ланос», ки таҳти идораи Искандар Мусофирови 67 сола ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, сарнишини сабукрав ва мусофирони он Ҳаким Назарови 46-сола, Чакиной Дониёроваи 51- сола, Зиёратшо Ғаниеви 27 ва ноболиғ Мадина Файзоваи 4-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар касалхона ба ҳалокат мерасанд. Мусофири дигари автомашинаи мазкур Мастура Файзоваи 28-сола бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки аз 30-уми сентябр то 7-уми октябри соли равон дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 34 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 17 нафар ҳалок шуда, 47 тани дигар захм бардоштаанд.
Мӯҳр