Боз як ҳамватанамон, ки аснои сўхтор дар корхонаи нафткашии «Югра»-и Русия баданаш ҷароҳат гирифта буд, аз дунё даргузашт.
Дар ин бора хабаргузориҳои русӣ бо такя ба манобеъи худ иттилоъ медиҳанд.Бояд гуфт, корхонаи коркарди нафти мазкур, рӯзи 29-уми сентябр оташ гирифт. Дар пайи алангаи сӯхтор ду анбори филизӣ оташ гирифта, масоҳати сӯхтор 2000 метри мураббаъро ташкил дода буд. Дар натиҷаи сӯхтор омехтаи газу ҳаво таркид.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар натиҷаи сӯхтор чор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, ҷасади онҳо ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Ҳама хароҷоти расондани ҷасадҳоро ширкати «Инвест- Ойл», соҳиби корхонаи номбурда ба ӯҳда гирифтааст.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки ширкат ба оилаҳои шахсони фавтида 500 ҳазорӣ рубли русӣ ҷубронпулӣ медиҳад.
Мӯҳр