Тавре ба Озодагон аз Сарраёсти кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд, имрӯз деҳқонони ноҳияи Конибодом нақшаи чиниши пахтаро иҷро карданд.
Ба иттилои манбаъ онҳо ба хирман 14 ҳазору 156 тонна тилои сафед рехтанд, ки 101,11 5 дар сади нақшаи муайяншударо ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуд, аз аввали мавсим то имрӯз дар вилоят 89 ҳазору 337 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Иҷрои нақша ҳоло ба 79,41% расидааст: «Соли гузашта дар ҳамин рӯз пахтакорони вилоят 91 ҳазору 842 тонна тилои сафед ҷамъ оварда буданд, ки 87,47 % -и нақшаи солонаро ташкил медиҳад».
То имрӯз 2 ноҳияи вилоят- Спитамен ва Конибом нақшаи чиниши пахтаро иҷро намуданд, дар навбат ноҳияҳои Ашт (95,34 %) ва Ҷаббор Расулов (82,64 %) меистанд.
Мӯҳр