Бахшҳо

Волидонро барои амали фарзандонашон ба ҷавобгарӣ кашиданд

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ чанд ҷавону наврасро бо иттиҳоми дағалона вайрон кардани  тартиботи ҷамъиятӣ боздошт намуданд.

Тавре ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, зимни як амалиёти вижа муайян шуд, ки ин ҷавонон нимашабҳо бо лазери пурқувват ба ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ, тайёраву чархбол халал мерасонанд. «Ин гуна амалҳо хавфи сар задани фалокат ва садамаҳои ҳавоиро пеш меоварад»,-афзуд сарчашмаи хабар.

Бино ба иттилои манбаъ, барои содир намудани ин амали хатарнок Мурод Неъматови 21 сола, донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Исматови 15 сола, хонандаи синфи 9 мактаби тахсилоти умуми №66-и ноҳияи Сино, Шоҳрух Аъзамови 15 сола, хонандаи синфи 9-и МТУ №40-и ноҳияи Фирдавсӣ, Равшан Мусоеви 17 сола, хонандаи синфи 11-и МТУ №50-и ноҳияи Синоро боздошт гардиданд. Аз  онҳо ду адад асбоби равшанидиҳандаи лазер гирифта шуд.

«Инчунин шаҳрванд Холмаҳмад Абдураҳмонови 38 сола, зодаи шаҳри Кӯлоб, сокини шаҳри Душанбе, ки ба ин ноболиғон асбобҳои мазкурро фурухтааст дастгир шуд.

Феълан нисбати падару модари ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон пратоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуданд»,-илова кард манбаъ.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)