Ҷабрдидагон аз таъқиб метарсанд ва барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба хеч куҷо шикоят намекунанд, яъне муроҷиат наменамоянд, пас натиҷа ин аст, ки онҳо мавриди шиканҷа қарор мегиранд.
Парвандаи Сафаралӣ Сангов бароямон парвандаи стратегӣ аст, мегӯянд масъулини созмони ҷамъиятии «Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният». Зимни як нишасти вижаи ин ташкилот аз ҷумла қайд гардид, ки фаъолияти асосии созмон ба ҷилавгирӣ аз шиканҷа равона гардида, қонун ва санадҳои марбута ҳимоягари ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Зулфиқор Замонов, як масъули ин ташкилот бо таассуф қайд мекунад, ки ҳолатҳои монанд ба
парвандаи Сангов вақтҳои ахир зиёд шудаанд:
- Он изҳорот, ки гӯё Сангов нашъаҷаллоб будааст, барои мо аҳамият надорад. Мо ба муносибати мақомоти қудратӣ ҳангоми боздошти айбдоршавандаҳо диққат медиҳем. Мушкили мубориза бар зидди шиканҷаро Замонов дар он медонад, мафҳуми шиканҷа дар қонунгузории Тоҷикистон, махсусан дар Кодекси ҷиноӣ дар сатҳи даркорӣ кушода нашудааст.
Ӯ мегӯяд, то ҳол дар мо мафҳуми шиканҷа дар қонунгузорӣ, роҳҳои пурсамари тафтиши ҳолатҳои татбиқи шиканҷа мавҷуд нест, ки боис ба афзоиши ҳодисаҳои татбиқи шиканҷа гардидаст.
Наргис Зокирова, директори ташкилоти «Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», мегӯяд, тибқи қонунгузорӣ озодӣ аз шиканҷа ва ғуломӣ ҳуқуқҳои мутлақанд, яъне дилхоҳ шахс сарфи назар аз он ки вай террорист ё нашъаҷаллоб аст, дар ягон ҳолат набояд мавриди шиканҷа қарор гирад. Зокирова оиди муроҷиати ҷабрдидагони шиканҷа ба мақомоти қудратӣ мегӯяд, ин омил хеле кам сурат гирифта истодааст:
-Муроҷиатҳо каманд, ба он далел, ки ҷабрдидагон аз таъқиб метарсанду аз ҳимояи ҳуқуқҳои худ ва муроҷиат ҳатто ба мақомоти қудратӣ худдорӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Зокирова иттилоъ дод, ки аз оғози моҳи ҷорӣ дар назди намояндагиҳои ташкилот дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд қабулгоҳҳои махсус барои ҷабрдидагони шиканҷа кушода шудаанд. Дар ин қабулгоҳҳо ҷабрдидагон дастгирӣ ёфта мавриди ҳимоя қарор хоҳанд гирифт.
Алишер Зарифӣ
{jathumbnail off}
Мӯҳр