Қонунӣ кардани маводи мухаддир ба коҳиши он оварда намерасонад, баръакс сабаби болоравии мизони истеъмоли он мешавад. Дар ин бора Юрий Федотов, директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар сӯҳбат бо журналистон дар Ню-Йорк изҳор доштааст.
«Пешниҳоди қонунигардонии мухаддирот оқибатҳои ногувори рушди истеъмоли онро ба дунбол дорад, чунон ки дар мисоли нӯшокиҳои спиртӣ ва маҳсулоти тамоку шоҳид будем», - гуфтааст Федотов. Номбурда таъкид доштааст, ки агар ҳоло аз истифодаи маводи мухаддир дар ҷаҳон соле бештар аз 200 ҳазор нафар ҷони худро аз даст медиҳанд, пас аз истифодаи сигор 5 миллион ва аз нӯшокиҳои спиртӣ 2,5 миллион нафар бо ҳаёт падруд мегӯянд.
«Ин метавонад далеле бошад, ки бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуд системаи байналмилалии назорати маводи мухаддир, ки конвенсияҳои СММ асоси қонунии онро таъмин кардаанд, ба ҳар ҳол натиҷаҳои муайян медиҳанд»,-афзудааст номбурда.
Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иқдоми баъдии байналмилалиро дар кӯшишҳо барои маҳдудсозии доираи истеъмоли мухаддирот донист ва таъкид кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозаи истеъмоли озоди маводи мухаддир боиси он намегардад, ки нашъамандӣ ва ҷурму ҷинояти вобаста ба он коҳиш ёбад.
Мӯҳр