Ҷамшед Маҳмадалиев, сардори шӯъбаи молия ва нафақаи комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон, ноболиғи 8 соларо пахш кардааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохила ба Озодагон иттилоъ доданд, Ҷамшед Маҳмадалиеви 53 сола, ки сабукрави «Мерседес-Бенс-200»-ро идора мекард, аснои ҳаракат аз тарафи шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти шаҳри Сарбанд бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи Анварҷон Сайдалиеви 24 сола бармехӯрад, баъдан ба канори чапи роҳ баромада, ноболиғи 8 сола Шамсиддин Бобохонов, хонандаи синфи 2-юми мактаби таҳсилоти умумии №26-ро пахш мекунад.
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр