Имрӯз, 5-уми октябр дар ҳукумати шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар атрофи Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ва фаъолияти касбии журналистӣ сурат гирифт.
Дар мулоқот Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шурои ВАО ва аъзоёни Шӯро, Қурбон Аламшоев ва Мухтор Боқизода ширкат доштанд.
Дар нишаст беш аз 35 нафар, аз ҷумла донишҷуён, устодон, кормандони мақомоти ҳокимияти маҳаллии вилоят, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар нишаст изҳори нигаронӣ карда шуд, ки дар бархе аз матбуоти даврии марказӣ ба арзишҳои динӣ ва мазҳабӣ арҷ гузошта намешавад ё беэҳтиромӣ мешавад, ки хилофи моддаи 5 ва 9-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад. Иштирокчиён аз Шӯрои ВАО даъват карданд, дар ҳалли ин масъалаҳо бетараф набошанд ва ба ин мушкилот расидагӣ кунанд.
Маврид ба ёдоварист, Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВАОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.
Мӯҳр