Дар шаҳри Ню₋Йорки Амрико муколама дар мавзӯи энергияи устувор дар Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.
Аз Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки мақсад аз баргузории ин нишаст- баҳси масъалаҳои мубрами дастрасӣ ба захираҳои устувори энергетикӣ бо тамаркуз ба манотиқи Аврупои Шарқӣ ва ИДМ буд ва дар он намояндагони кишварҳои минтақаҳои номбурда ширкат карданд.
Дар ин ҳамоиш гуфта шудааст, ки Тоҷикистон яке аз панҷ кишвар дар минтақаи Аврупои Шарқӣ ва ИДМ мебошад, ки дар он тадбиқи ташаббуси мазкур, яъне масъалаҳои мубрами дастрасӣ ба захираҳои устувори энергетикӣ озмоиш мешавад.
Манбаъ мегӯяд, қисмати асосии ин чорабинӣ ба гузориши Тоҷикистон роҷеъ ба тадбиқи барномаҳо оид ба таъмини дастрасии аҳолӣ ба энергияи устувор бахшида шудааст.
Сироҷиддин Аслов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ иштирокчиёнро бо вазъ ва мушкилоти аҳолии кишвар бо нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, инчунин иқдоми ҳукумати кишвар ҷиҳати таҳкими амнияти энергетикӣ шинос кардааст.
Ба таъкиди номбурда, барои таъмини рушди устувор Тоҷикистон ба инкишофи соҳаи обу энергетика эҳтиёҷ дорад, зеро кишвар захираҳои кофии намудҳои дигари энергия, аз қабили нафт ва газро надорад, аз ин рӯ ҷиҳати таъмини амнияти энергетикӣ Тоҷикистон як силсила барномаву лоиҳаҳои барои соҳа зарурро қабул кардааст.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки ин ҳамоиш дар ҷорчӯби иқдоми Дабири кулли СММ «Энергияи устувор барои ҳама» (Sustainable Energy for All, SE4ALL), ки соли 2011 шурӯъ шуд, сурат гирифтааст.
Мӯҳр