Дар «Кохи миллат»-и ҷумҳурӣ мулоқоти рӯ ба рӯи раҳбарони Тоҷикистону Русия ҷараён дорад.
Тибқи иттилои хабарнигори Озодагон ин мулоқот маҷмӯъи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ дарбар мегирад. Пас аз музокирот, ба имзо расидани як зумра санадҳои муҳим доир ба рушди ҳамкории минбаъдаи ин ду кишвар пешбинӣ шудааст.
Соати 14-00 нишасти матбуотии сарони давлат бо хабарнигорон бидуни суолу ҷавоб дар назар аст. Манбаъ мегӯяд, Владимир Путин зимни ин сафари худ аз пойгоҳи низомии Русия, воқеъ дар шаҳраки Гипроземи пойтахти Тоҷикистон ва ошноӣ бо фаъолияти низомиёни рус дидан хоҳад кард.
Мӯҳр