Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар пайи амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияҳои наздимарзии Шӯрообод ва Қумсангири вилояти Хатлон аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ бештар 102 кило каннабис ва 58 кило ҳашиш мусодира намуданд.
Бобоҷон Шафиев, масъули агентии мазкур ба Озодагон хабар дод, ки амалиётҳои мазкур дар доираи амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2012» анҷом шуда ва маводи нашъадори мусодирагардида, дар дохили халтаҳо ҷо ба ҷо шуда будааст. «Ин маводҳо шаклу намуди зоҳирии гуногун доштанд. Масалан, дар шакли пресскардашуда ва тахтамонанди қаҳваранг, ҳамчунин бастаҳои дорои моддаҳои чубчамонанди рангашон кабуди торик бо бӯи махсус. Лабораторияи ташхиси судии агентӣ бештар аз 160 кило ҳашиш ва каннабис будани маводи мусодирашударо тайид кард»,-афзуд манбаъ.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои шиносоӣ ва боздошти шахсони алоқаманд ба ин амали ҷиноӣ тадбирҳо андешида мешавад.
Мӯҳр