Субҳи имрӯз дар маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон заминларза ба вуқӯъ пайваст.
Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулдодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба Озодагон гуфт, заминҷунбӣ соати 6:10 ба қайд гирифта шуд. «Маркази зилзила 40 километрии ҷанубу-шарқ аз шаҳри Хоруғ дар қаламрави ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, қувваи ларзиши он дар марказ 3 бал ва дар шаҳри Хоруғ 2 балро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва ҳисорот ба қайд гирифта нашудааст»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр