Дар шимоли кишвар фардо, шашуми октябр маросими хатнасури 70 кӯдак аз хонаводаҳои камбизоат баргузор мешавад.
Аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки чорабинӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳандозӣ хоҳад шуд.
«Дар қисми фарҳангии маросим санъаткорони Муассисаи давлатии «Кохи Рӯдакӣ» ҳунарнамоӣ мекунанд»,-хабар медиҳад манбаъ.
Мӯҳр