Имрӯз дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон мардум таҷамӯъ карда, аз мақомот хостанд, се вакили мардумии мухолифи ҳукуматро фавран раҳо созад.
Қамчибек Тошиев, роҳбари ҳизби «Ота-Ҷурт» ҳамроҳ бо Садир Ҷапаров ва Талант Мамитов рӯзи гузашта боздошт шуданд. Онҳо дар талош барои ғасби ҳукумат муттаҳам мешаванд. Рӯзи чоршанбе 1000 нафар эътирозгар аз ҳукумат талаб карданд, ки бузургтарин корхонаи истихроҷи тилло дар Қирғизистон миллӣ гардонида шавад. Тошиев ба эътироз пайваста, аз гирдомадагон даъват кард, ҳукуматро барканор кунанд. Пулис бо истифода аз гази ашковар, тирҳои резинӣ ва сагҳо эътирозро пароканда кард.
Мӯҳр