Зафар Неъматов, сардори шӯъбаи ҳифзи атмосфераи шаҳри Душанбе аз ҳолати феълии муҳити зисти пойтахт изҳори нигаронӣ намуда мегӯяд, корхонаҳои оҳангудозии шаҳр ба талабот ҷавобгӯ нестанд ва меъёру талаботро риоя намекунанд.
Номбурда иброз медорад, зимни ташхиси корхонаҳои оҳангудозӣ ба воситаи лабараторияи сайёр, маълум гардид, ки партовҳо, модаҳои ифлоскунанда, ки ба ҳаво партофта мешаванд дар доираи талабот, стандартҳои пешбинишуда риоя намешаванд: «Асосан корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе ва корхонаҳои оҳангудозӣ ҳавои шаҳрро ифлос мекунанд. Дуди сиёҳе, ки саҳар мебинед, ин аз истифодаи ангиштсанги корхонаҳои оҳангудозӣ мебошад. Чи хеле ки набошад, ангиштсанги мо дар таркибаш ашёҳои бисёртар дорад, бино бар ин дуди сиёҳ як қабати фазои ҳаворо мегирад. Агар аз ангиштсанги хушсифат ба мисли Қирғизистон ва дигар кишварҳои хориҷа, ки дар таркибашон гаҷ кам аст истифода кунанд, хамин қабати сиёҳ тақрибан дида намешавад».
Ба қавли Зафар Неъматов модаҳое, ки ба мардум бештар зараровар аст, ин хамон оҳанпораҳое мебошанд, ки таркиби онҳо модаҳои заҳролуд доранд ва бояд ҳамин ифлосиҳоро дар оташ насӯзананду ба партовҳо интиқол диҳанд. Аммо риояи чунин талабот имрӯз дар корхонаҳои арматурбарории шаҳри Душанбн дида намешавад: «Гузашта аз ин модаҳои химиявие, ки ҳамин модаҳои заҳролудкунандаро тоза мекунад дар чойҳои махсус бояд пок карда шавад ва баъдан онҳо гудохта шаванд, то безарар гарданд. Бубинед, худи резинро агар гирем дар таркибаш аз хама элементи вазнин, яъне оксиди ванадӣ ҳосил мешавад. Вақти ихроҷкунӣ ин яке аз элементҳои (металҳои) вазнин аст, ки метавонад ба саломатии мардум зарари ҷиддӣ расонад ва ба бемориҳои саратон мубтало кунад».
Сардори шӯъбаи ҳифзи атмосфераи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳарчанд назорати чунин корхонаҳое, ки муҳити зистро ифлос менамянд бевоситба бар дӯши онҳо гузошта шудааст, вале наметавонанд ҳамаи корхонаҳои дар Душанбе бударо назорат намоянд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ӯ пешниҳод мекунад, ки пеш аз ҳама имрӯз бояд дар пойтахт шумораи корхонаҳо кам ва сифати кори онҳоро беҳтар карда шавад.
Мӯҳр