Имрӯз, 4-уми октябр бахшишда ба Рӯзи забони давлатӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси тантанавӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон ва аҳли илму фарҳанги кишвар доир мегардад.
Тавре ба Озодагон аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, зимни баргузории чорабинӣ барномаи идонаи адабию фарҳангӣ бо ширкати беҳтарин ҳунармандони кишвар ва дастаҳои рақсию овозӣ пешкаши бинандаҳо мегардад.
Бино ба иттилои манбаъ, чорабинии идона бо ибтикори Кумитаи забон ва истилоҳот ва Вазорати фарҳанг созмон ёфтааст.
Ёдовар мешавем, соли 2009 парлумони кишвар қонуни нав «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Тибқи ин қонун иди забони давлатӣ аз 22-юми июл ба 5-уми октябр гузаронида шуд.
Мӯҳр