Дар шаҳри Вена ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев дар ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок намуд.
Давлат Назриев, сардори раёсати таҳлил ва иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Озодагон гуфт, ки ҳайати Тоҷикистонро инчунин намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Вазорати энергетика ва саноат, Вазорати тандурустӣ ва Вазорати адлия шарикӣ доштанд. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена И. Насреддинов ҳамчунин дар ҷаласа ширкат варзид: «Ҷониби Австрияро бошад, мудири кулли раёсати муносибатҳои иқтисодии хориҷии Вазорати федеративии иқтисод, оила ва ҷавонон Франс Вессиг роҳбарӣ намуд. Ба ҳайати Австрия ҳамчунин намояндагони вазорату муассисаҳои ин кишвар шомил шуда буданд».
Манбаъ афзуд, инчунин дар ҷаласа намояндагони ширкатҳои австирягие, ки дар соҳаи энергетика, кишоварзӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва сохтмон фаъолият доранд, ҳузур доштанд.
Ба рӯзномаи ҷаласаи 4-умин Комиссияи муштарак масаълаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва саноат, кишоварзӣ ва маҳсулоти он, тандурустӣ, туризм, стандартизатсия, бехатарии ҳуҷҷатҳо ва ҳукумати электронӣ, инчунин масоили муносибатҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ворид шуда буданд.
Дар анҷоми нишаст, протоколи ҷаласаи 4-умин Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо ба имзо расонида шуд.
Мӯҳр