Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес бенс», Ҷовид Мамадҷонови 28- сола аснои ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Қайроқум-Ғафуроф аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ бархӯрдааст.
Тавре аз РБДА ба Озодагон иттилоъ доданд, бар асари ин садама сарнишини сабукрав мусофиронаш, Бибиҳанифа Мамадҷоноваи 55-сола ва Нушона Ҷамолидддиноваи 5-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Ду мусофири дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Бино ба қавли сарчашмаи хабар, ҳамон рӯз ронандаи тамғаи «Камаз 5511» Бахтиёр Солиев, ҳангоми ҳаракат бо роҳи Ваҳдат-Ромит дар километри 37-уми роҳ мошинро чаппа мекунад, ки дар натиҷа ронанда дар ҷои ҳодиса мефавтад.
РБДА мегӯяд, ҳафтаи сипаришуда дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ 40 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 19 нафар ҳалок ва 54 тани дигар захм бардоштаанд.
Мӯҳр