Дар Тоҷикистон ду рӯз боз маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Артиши миллии кишвар идома дорад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати дифоъ, ин маърака то рӯзи 30-юми ноябр давом карда, ҳоло ситоди танзими даъвати тирамоҳӣ таҳти сарварии муовини нахуствазири кишвар Руқия Қурбонова таъсис ёфта, фаъолият дорад: «Ин ситод ҳамоҳангии кори мақомоти маҳаллии ҳукумат ва вазорату муассисаҳои марбутаро назорату танзим менамояд».
Маврид ба ёдоварист, ба хизмати аскарӣ ҷавонони солҳои таваллудашон 1985-1994, ки дар сафи артиш хидмат накардаанд, даъват мешаванд. Фармони марбутаро райисҷумҳур таҳти рақами 1350 аз 14-уми сентябри соли равон ба имзо расонида буд.
Мӯҳр