Осебдидагони офати табиӣ ба ҳеч ваҷҳ танҳо нахоҳанд монд. Дар ин бора Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд зимни боздиду шиносоиаш бо вазъи манотиқи офатзадаи минтақа иброз дошт.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ин мақомот иттилоъ доданд, Расулзода ҳамчунин афзуд, сабру таҳаммулро пеша кунед, аз ҷониби ҳукумату давлат ба шумо албатта кӯмак расонида мешавад. Ёдрас менамоем, 12-уми июни соли 2011 дар натиҷаи боришоти зиёд дар мавзеъҳои аҳолинишини ноҳияи Ашт сел омада, ба аҳолӣ ва хоҷагии халқ хисороти зиёди молӣ расонид.Аз ҷумла, дар рустоҳои Бободархон ва Сарои ҷамоати деҳоти Понғоз якчанд оила бе манзили зист монданд. Тибқи иттилои расмӣ 85 манзили истиқоматии сокинони ду деҳа зарар дида, аз ҷумла 51 хонавода қисман ва 34 манзили истиқоматӣ пурра нобуд шудааст. Дар 8,8 гектар масоҳат зарари ҷиддӣ расида, ҳамчунин 11 километр роҳ, 5 адад кӯпрук, 500 метр хатти барқ ва 133 иншооти хурду бузург қисман ё пурра вайрон гардид. Мутобиқ бо қарори ҳукумати вилояти Суғд сокинони деҳаҳои Бободархон ва Саро, ки аз сел зарари ҷиддӣ дидаанд, ба мавзеи Бахмал кӯчонида мешаванд. Бо пешниҳоди Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ аз ин мавзеъ барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо мешаванд.Бояд гуфт, ки алҳол аз ҷониби ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд 25 нафар афсарону аскарон ба осебдидагон кўмак расонида, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ дар хизмати мардум қарор доранд. Аз ҳисоби мақомоти вилоятӣ бошад, ба ҳамаи оилаҳои зарардида орд, биринҷ, шакар, равған ҷудо гардидааст.
Мӯҳр