Як бонуи вакил дар ИМА даъвои курсии президентии ин кишварро барои чор соли оянда кардааст.
Тибқи иттилои хабаргузории «ФрансПресс» вакили конгресси Амрико Мишел Бакман нахустин зане шуд, ки тамоми асноди лозим барои пешбарии номзадиаш аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ба интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурии Амрикоро пешниҳод кардааст. Хонум Бакман, вакили муҳофизакор аз иёлоти Миннессота, рӯзи 13-уми июн пешбарии номзадиашро дар нахустин мубоҳисаи бузурги довталабони ҷумҳурихоҳ дар иёлоти шимолушарқии Ню-Ҳампшир эълон кард. Бакман, ки ба ҷунбиши муҳофизакори «Теа Party» (Маҳфили чойнӯшӣ ) рабт дорад, тарафдоронашро бо интиқоди шадиди райисиҷумҳур Барак Обама даъват кардааст. Ҳамзамон, Барак Обама низ эълон кардааст, ки соли оянда барои даври дуюми чорсолаи президенти ИМА аз ҳизби демократ ба интихобот ворид хоҳад шуд.
Мӯҳр