Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, Далер Умарови 24 сола, сокини шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки сабукрави «BMW»-ро идора мекард, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи «КАМАЗ», таҳти идораи Ғайрат Фаттоҳов, сокини шаҳри Панҷакент, кӯчаи Дарғ бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи «BMW» ва мусофирони он Нусрат Сайфуллоев, соли таваллудаш 1980, сокини деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ноболиғ Зарнисор Темирова, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳраки Пролетари ҳамин ноҳия дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр