Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе зимни як ҷаласа ба масъулини агентии захираҳои моддии ҷумҳурӣ ва соҳибкороне, ки ба воридоту фурӯши яхлухти орд машғуланд, гуфт, аз 1-уми октябри соли равон ҳудуди 300 тонна ордро бо нархи 150 сомонӣ барои як халта ба фурӯш бароранд.
Аз шаҳрдории Душанбе ба Озодагон иттилоъ доданд, зимни ҷаласа Убайдуллоев бо таҳлили воқеияти нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои шаҳр, пеш ҳама бо дарназардошти тағйирёбии нархи ғалла ва орд дар кишварҳои истеҳсолкунанда, ҳолати захираи мавҷудаву интиқолдиҳии ин намуди маҳсулотро дар бозори истеъмолии пойтахт дар ҳамкорӣ бо масъулини соҳа ва соҳибкорон баррасӣ намуд.
«Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷӯҳи иштирокдоронро ба ғановати бозори истеъмолӣ, роҳ надодан ба таври стихиявӣ ва бе асосҳои иқтисодию сӯистифода кардан аз қобилияти харидории сокинони шаҳр болобарии нарх ба дилхоҳ маҳсулот нигаронида, баҳри дастгирии истеъмолкунандагони пойтахт соҳибкоронро ба адлу инсоф даъват намуд ва ҷиҳати пешгирӣ аз болоравии нархи орд дар бозорҳои шаҳр КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва директорони бозорҳои коммуналию хусусии шаҳрро муваззаф сохт, ки интиқолу фурӯши ордро дар бозорҳо таъмин созанд»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр