Дар Клуби ҷумҳурявии варзишии тирандозии Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофия «Чемпионати Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба варзиши тирандозӣ» барои дарёфти Ҷоми иттиҳод ҷараён дорад.
Дар ин сабқат беш аз 50 варзишгар аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия ширкат доранд.
Инандухт Усмонова, иштирокчии мусобиқа гуфт: «Тайи чанд сол мешавад ман дар ин намуди варзиш машқ мекунам. Имрӯз байни варзишгарони Русия ва Қазокистон сабқат намуда истодаем. Умед дорам, ҷойҳои намоёнро сазовор шуда, дар дигар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ низ иштирок намоям».
Абдуракиб Қодиров, як масъули Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофия мегӯяд, чемпионати Иттиходи давлатҳои мустақил маротибаи 4-ум аст, ки дар Тоҷикистон баргузор мегардад: солҳои 2005, 2010 (дар шаҳри Душанбе) ва 2011 (Хуҷанд).
Ёдовар мешавем, «Чемпионати Иттиҳоди давлатҳои мустақил оид ба варзиши тирандозӣ» барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод то 2-юми октябри соли равон идома хоҳад ёфт.
Мӯҳр