Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт зимни як амалиёт Ёдгор Назарови 48 сола, директори ҶДММ «Навбаҳор-98»-ро дастгир кардаанд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Озодагон хабар дод, ки боздоштшуда сокини ноҳияи Ҳисор мебошад. Ӯ аз вазифаи худ истифода намуда, бо имзо ва муҳри корхонааш ҳуҷҷати расмии баръало қалбакӣ таҳти №7 аз 31.03.с.2011 бо роҳи сохтакорӣ истифода бурда, ба суратҳисоби бонкии ҶДММ-и мазкур аз суратҳисоби ҶДММ «Газпромнефт Тоҷикистон», воқеъ дар кӯчаи Чехови шаҳри Душанбе маблағи пулӣ ба миқдори як миллиону 260 ҳазор сомониро бо истифодаи техникаи компютерӣ гузаронидааст.
Айни замон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр