Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон шоми 28-уми сентябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе тими «Пномпен Краун»-и Камбоҷаро бо ҳисоби бузурги 6:0 шикаст дода, дар садри ҷадвали гурӯҳи «А» нишаст.
Ин пирӯзӣ ба «Истиқлол» имкон дод, ки ба даври ниҳойии сабқати Ҷоми раиси АФК-2012 роҳхат бигирад. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳарифӣ «Истиқлол» дастаи «Ал-Аммарӣ»-и Фаластин мебошад. Дидори финалӣ фардо, 30-юми сенябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, барандаи Ҷоми раиси АФК-2012 50 ҳазор доллари амрикоӣ мегирад.
Мӯҳр