Бахшҳо

Нархи тилло дар ҷаҳон боз гарон мешавад

Арзиши як унсий тилло, ки муодили 31,1 грам аст, дар бозори ҷаҳонӣ ба 1 ҳазору 782 доллар баробар шудаст, ки дар муқоиса бо чанд моҳи пеш наздики 200 доллар қиматтар аст. Тирамоҳи соли гузашта нархи як унсий тилло дар ҷаҳон ба нишондоди рекордӣ расида, аз ҳадди 1900 доллар гузашта буд.

Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон изҳор медоранд, ки нархи тилло чӣ қадар дар бозори ҷаҳонӣ қиматтар бошад, ҳамон андоза ба фоидаи иқтисодиёти Тоҷикистон аст. Соли гузашта истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон аз дурнамои эълонкардаи Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати кишвар ҳудуди 550 киллограм камтар шуда, ҳамагӣ 2 тоннаю 241 киллограмро ташкил додаст. Бо вуҷуди ин, масъулини вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ин нишондодро дар муқоиса бо ҳаҷми истеҳсоли тилло дар соли 2010-ум наздики 135 киллограм бештар арзёбӣ мекунанд.

Худи Гул Шералӣ дар робита ба истеҳсоли тилло мегӯяд, имкон дошт нишондоди он бештар гардад, агар Вазорати молия дар корхонаи зертобеаш «Тиллои тоҷик» корро беҳтар пеш бурда нақшаро иҷро мекард. Ба гуфтаи вазири энергетика ва саноат тибқи нақша дар корхонаи «Тиллои тоҷик» бояд 500 килло тилло истеҳсол мешуд. Аммо дар пайи ташкили заифи кор ҳамагӣ 319 киллограм тилло истеҳсол шудааст.

Имсол масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дурнамои тавлиди тиллоро дар Тоҷикистон ҳудуди 2,5 тонна арзёбӣ мекунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)