Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар паи тадқиқоти моҳҳои июл - август гузарондааш, муайян кардааст, ки дар ҳоли ҳозир аксари муҳоҷирон ба Русия ҷиҳати дарёфти маблағ барои таҳсил кардани пайвандонашон мераванд. Дар доираи тадқиқот ҳудуди 1 ҳазору 500 хонаводагӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мавриди назарпурсӣ қарор гирифтаст.
Тадқиқотчиёни Марказ мегӯянд бархилофи солҳои пешин, ки бисёри муҳоҷирон барои хӯрондани оила ва харидани ашёҳои хоҷагидорӣ ба Русия мерафтанд, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 70 фоизи муҳоҷирон барои дарёфти маблағи таҳсили пайвандонашон мераванд. Пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки 40 фоизи даромадашон барои таҳсили пайвандон сарф мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар аз таваҷҷӯҳи рӯзафзуни мардум ба таҳсил сӯйистифода карда, нархҳоро сол ба сол боло бурда истодаанд. Айни ҳол ҳаққи солонаи таҳсил дар баъзе муассисаҳо аз ҳадди 2 ҳазор доллар мегузарад. Дар ҳоле, ки маоши ҳадди ақал баъди баландшавии 2,5 маротибааш, ҳанӯз ҳам камтар аз 50 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ изҳор медоранд, ки нархгузориҳои таҳсилро дар муассисаҳои таълимии кишвар зери назорат гирифта, танҳо баъди омӯзиши ҳамаҷониба тасдиқ мекунанд.
Мӯҳр