Се нафар қочоқчии маводи мухаддир равонаи зиндон гардиданд.
Тибқи иттилои маркази равобити Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, суди ноҳияи Варзоб мурофиаи додгоҳиро дар нисбати се нашъаҷаллоб -Хайём Назиров, Баҳрулло Ниёзов ва Шамсулло Қараев ба итмом расонида, ҳукм эълон кард. Манбаъ афзуд, ин ашхос ҳанӯз моҳи феврали соли равон аз сӯи кормандони кумитаи амният бо ҷурми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон боздошт гардида буданд.
Аснои тафтиш ва азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «КАМАЗ», дар мавзеи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, аз бордони махфии нақлиёт ҳудуди 79 килограмм маводи нашъадор ёфт ва мусодира карда шуд.
Пас аз баррасии парванда бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Варзоб Хайём Назиров ба мӯҳлати 18 сол, Баҳрулло Ниёзов ба муддати 17 ва Шамсулло Қараев ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд
Мӯҳр