Наздики 10 нафар аз сокинони деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, бо шумули хешовандони Ҳамза Икромзода дар назди Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нишони эътироз ҷамъ омада, хостори таҳқиқи ҳарчи зудтари сабабҳои марги ӯ шудаанд.
Дилхоҳ Икромзода, хоҳари Ҳамза Икромзода ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки онҳо аз раҳбари Сарраёсати маҳбасҳо Иззатулло Шарифов тақозо доранд, ки чашм ба чашм ба онҳо дар бораи ҳодисаи марги бародараш шарҳ диҳад ва ходимонеро, ки ба шиканҷаву зӯр даст задаанд, ба ҷазо кашад. Ба қавли вай се рӯз қабл ҳамроҳи модари солхӯрдааш ва чанд нафари дигар дар назди маҳбаси №1 ҷамъ омада буданд, аммо касе бо додашон нарасид. Дилхоҳ Икромзода гуфтааст, ҳарфи масъулин, ки гӯйё Ҳамза худкушӣ кардааст, хашми пайвандони онҳоро бештар кардааст ва онҳо мехоҳанд огоҳ шаванд, ки дар ивази латукубу азияте, ки бародарашонро додаанд, чаро чунин суханҳоро мегӯянд.
Дар робита Иззатулло Шарифов, раҳбари Сарраёсати маҳбасҳо ба «Озодӣ» гуфта, ки маҳбус Ҳамза Икромзода дар пайи худкушӣ фавтидааст ва осоре, ки дар бадани вай ба мушоҳида расидааст, кори маъмурони боздоштгоҳ набуда, пизишкон ба хотири наҷот додани вай аз усули гарм кардани бадан бо истифода аз зарф (баклашка) ва дастгоҳҳои эҳёгарӣ (электрошок) истифода намуданд, ки дар натиҷа дар бадани марҳум пайи онҳо боқӣ мондааст.
Ёдовар мешавем, бино ба иттилои наздикони Ҳамза Икромзода ӯ рӯзи 20-уми сентябр бар асари лату куб ва озору шиканҷа ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр